Дар бораи МарказеАхан
Марҳилаҳои содироти оҳан
Содироти таҷҳизоти оҳанӣ аз Эрон марҳилаҳои мушаххасе дорад, ки дар идома шуморо бо онҳо ошно мекунем.
Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки танҳо ширкатҳое метавонанд барои содироти таҷҳизоти оҳанӣ иқдом кунанд, ки тамоми сертификатҳо ва иҷозатномаҳои зарурӣ барои содиротро дошта бошанд.
1.Дарёфти фармоиш
Содироти таҷҳизоти оҳанӣ иборат аз навъҳои зиёди маҳсулоти оҳанӣ ва як қатор мушаххасоти техникӣ мебошанд. Ба ҳамин далел, навъи маҳсули содиротӣ тавассути кишвари мақсад мушаххас мешавад ва ширкати содиркунанда фармоишро дарёфт менамояд.
2.Бақайдгирии фармоиш
Нахуст ширкати мақсад барои бақайдгирии фармоиш бояд як миқдор маблағ ҳамчун пешпардохт ба асъори доллар ё риёл ба суратҳисоби ширкат бипардозад то фармоиши ширкати мақсад дар система барои додани ҳисобнома (фактураи мол) ба қайд гирифта шавад.
3.Додани ҳисобнома-фактураи пешакӣ
Пас аз бақайдгирии фармоиш, ба забони англисӣ барои ошноии харидор бо навъи маҳсулот ва мушаххасоти он, ҳисобномаи пешакӣ дода мешавад ва ба ширкати мақсад ирсол мегардад.
4. Бастабандӣ ва омодасозӣ
Маҳсулот бо назардошти навъи ҳамлу нақл бастабандӣ ва омода мешавад.
5. Муайян намудани маблағи гумрукӣ
Ин марҳила барои содирот ба воситаи дарё истифода мешавад, ки аз хароҷоти ҳамлу нақл, суғурта кардани маҳсулот ва бастани шартнома иборат мебошад.
6. Дарёфти иҷозатномаи содироти мол
Ширкати содиркунанда бояд тамоми иҷозатномаҳоро аз мақомоти дахлдор ва созмонҳои саноатӣ, маъдан ва савдо, ки дар истеҳсоли мол нақш доранд, гирад.
7. Содироти мол
Пас аз декларатсияи мол ба гумрук, суғурта кардани мол ва гирифтани сертификати азназаргузаронӣ иҷозатномаи ниҳоии содироти мол дода мешавад.
Маҳсулоти дар содироти таҷҳизоти оҳанӣ мавҷудбуда
Маҳсулоти содиротии оҳан навъҳои бисёре дорад. Ин маҳсулот иборатанд аз:
• Арматураи рахдор
• Арматураи оддӣ
• Калобаи арматураи рахдор
• Калобаи арматураи оддӣ
• Дастаки оҳанӣ (балка)
• Тунукаи сиёҳ
• Маҳсулоти симӣ
• Тунукаи ранга
• Тунукаи галванӣ (Оцинкованный лист)
• Профилҳои оҳании саноатӣ ва сохтмонӣ (Промышленные и строительные стальные профили)
• Профилҳои оҳанӣ барои дару тирезаҳо (• Стальные профили для дверей и окон)
• Профилҳои оҳании қисмати сатҳаш кушода (Стальные профили открытого сечения)
• Қубури оҳанӣ барои поя (Стальная труба для строительных лесов)
• Қубури оҳании галванӣ (Оцинкованная стальная труба)
• Қубури оҳанӣ барои интиқоли газ
• Қубури оҳанӣ барои интиқоли об
• Қубурҳои оҳании мебелӣ ва қубурҳои пулодии саноатӣ (Стальные мебельные трубы и промышленные стальные трубы)
• Уголники гудохташуда
• Новдонии гудохташдуа
Роҳҳои ирсоли молҳои фулодӣ ба Тоҷикистон
Содироти арматура ва дигар молҳои оҳанӣ ба кишвари Тоҷикистон низ аз роҳҳои заминӣ ва роҳи оҳан имконпазир аст.